Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Апрель 17, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум ва муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кадрҳои ҷавону корозмуда таъйин шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ноҳияи Лахш, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Хуросон, Восеъ, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Муъминобод, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистону Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъйин гардиданд.

Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ҷавон вобаста ба таҳдиду хатар ва ҷиноятҳои замони муосир бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд.

«Поквиҷдонона, содиқона ва бо масъулияти баланд манфиатҳои миллату давлатро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузошта, бо дасту дили пок ба нафъи давлату миллат хизмат намоед!» — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми мулоқот.

Апрель 17, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар