ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — АРЗАНДАИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ. Ташаббусҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон оид ба ҳифзи обу иқлим дар таърихи башар беназир мебошанд

Апрель 16, 2023 10:43

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо  ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 1999- ҳангоми пешниҳод намудани аввалин ташаббус, яъне қабул гардидани Қатънома оид ба эълони соли 2003- Соли байналмилалии оби тоза дар масоили об чандин Қатънома аз ҷониби СММ қабул гардид. Дар ин хусус директори филиали Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Манучеҳр Садриддинов  зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.  

— Ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат  дар доираи созмонҳо ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи об ва иқлим, ки дархӯри ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастанд, якдилона ва самимона пазируфта шудаанд. Хусусан аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва истиқболи комили ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Аз ин рӯ бо боварӣ метавон гуфт, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра асос шуда метавонанд, ки солҳои наздик он кас ба ҷоизаи Нобел пешниҳод карда шаванд.

Бояд гуфт, ки Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, низ ҳамчун давоми ташаббусҳои давлати мо дар шароит ва вазъияте баргузор шуд, ки мушкилоти вобаста ба об ва иқлим ба яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният табдил ёфта, рӯз то рӯз ҳаёти инсону табиат зери таҳдиди нобудшавӣ қарор мегирад. Яъне, имрӯз хатари тағйирёбии босуръати иқлиму мушкилоти об ба инсоният камтар аз хатарҳои дигари мушкилоти муосири ҷаҳонӣ нест.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз гардидааст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қарор қабул кард.

Дар суханрониҳои Сарвари давлат борҳо доир ба самаранокӣ ва оқилона истифода намудани захираҳои обӣ таъкид гардидааст. Ба андешаи мо, барои оқилона  истифода намудани захираҳои обӣ мавқеи равандҳои ҳамгироии иқтисодии давлатҳо бояд устувор ба роҳ монда шавад. Барои ҳамаи давлатҳо зарур аст, ки захираҳои обии дарихтиёрдоштаро, ки мансуб ба як ё якчанд давлати дигар буда, дар якҷоягӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ҳамгиро намоянд. Дар мисоли давлатҳои Осиёи Марказӣ ин таносубро метавон ба дурустӣ мушоҳида намуд. Ду давлати болооб (Тоҷикистон ва Қирғизистон) қариб 85% захираҳои обии минтақаро ба давлатҳои поёноб (Узбекистон ва Туркманистон) медиҳанд ва дар ҳудуди худ асосан тавлидкунандаи энергияи “сабз” ба ҳисоб мераванд. Барои ҳамаи давлатҳои ин минтақа ниҳоят зарур аст, ки ҳаҷми оби истифодашавандаро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ошкор намоянд.

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ ҳангоми истифодаи захираҳои обӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо карда мешаванд: соҳаҳои обистифодабаранда ва обистеъмолкунанда. Сарфакорона истифода намудани захираҳои обӣ дар ҳудуди ҳар давлат ҳангоми мавҷуд будани маълумоти оморӣ мушоҳида карда мешавад. Ғояи асосӣ ба он асос меёбад, ки ҳиссаи соҳаҳои обистифодабаранда ва обистеъмолкунанда дар ҳудуди ҳар давлат ошкор карда шавад ва аз ҳамин ҳисоб метавон танзими маҷрои асосии дарёи байнисарҳадиро ба роҳ монд.

Ҳамзамон барои устувор намудани мавқеи ҳамгироии иқтисодии захираҳои обӣ зарур аст, ки онҳо дар асоси лоиҳаҳои калон амалӣ карда шаванд. Масалан, НБО «Норак» дар асоси лоиҳаи Муҷтамаи ҳудудӣ-истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ин андешаҳоро метавон дар асоси рақамикунонии бахши об амалӣ намуд.

Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсолӣ тақрибан барои истеҳсоли 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд.

Захираҳои оби мамлакат ҳамчунин дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамояд. Аз ин номгӯй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти мамлакатро бо шуғл таъмин менамояд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо назардошти шароити техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317 млрд кВт соат баробар буда, дар айни замон танҳо 4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад. Исботи гуфтаҳои боло НБО «Роғун» мебошад, ки як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори муқарраршудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Дар хулоса ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки тавассути татбиқи иқдомҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар солҳои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои оби ошомидании ҷавобгӯ ба талаботи санитарӣ-экологӣ таъмин мегардад.

Манучеҳр САДРИДДИНОВ,
 директори филиали Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии
сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
» дар вилояти Суғд

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2023 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ оид ба масоили обу иқлим ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об даъват намуд
Ҳангоми аввалин маротиба ба мактаб рафтан кӯдак бо кадом мушкилӣ дучор мегардад? Тавсияи равоншинос дар ин хусус
ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ! Соли нави таҳсил бо шунидани суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат оғоз меёбад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Тағйирёбии иқлим ба нобаробарию ҷанги сард замина мегузорад
ИЛМУ МАЪРИФАТ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТРО ҶОВИДОН ГАРДОНИДА, ОНРО ТАҲКИМ МЕБАХШАД. Назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ
ПАГОҲ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ МЕЁБАД. Оё шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ таъминанд?
МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ БИСЁРЗИНАГИИ ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин хусус
Эмомалӣ Раҳмон: «Хонед, омӯзед, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат самаранок истифода баред. Ояндаи Тоҷикистон ва тақдири давлату миллат дар дасти шумост!».
ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРД. Ин неъмати бузург ба мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ овард
ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ҳошияи бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон
Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд