COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст

Ноябрь 14, 2025 19:23

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба  тағйирёбии иқлим (COP 30), ки 10 ноябр дар шаҳри Белеми Бразилия оғоз ёфт,  ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 30-юми Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим /COP 30/ иштирок дорад.

Мавзуъҳои асосии форум коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, ҷалби маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таъмини гузариши одилона мебошанд. Таваҷҷуҳи махсус ба мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим ва кор барои ҷуброни зарар аз таъсири иқлим равона карда мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон диққати асосиро ба ҳифзи экосистемаҳои яхбандӣ равона намудааст. Инчунин пешбурди ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои стратегии оби ширин, маблағгузории иқлимӣ ва таъмини дастрасӣ ба захираҳо барои лоиҳаҳо ҷиҳати мутобиқ шудан ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим тамаркуз карда мешавад.

Интизор меравад, ки  дар COP30 бастаи қарорҳо қабул гардад, ки ба тақвияти амалҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим нигаронида шудаанд. Ҳайати Тоҷикистон умедвор аст, ки мавқеи мамлакат ба назар гирифта мешавад ва гуфтушунидҳо барои таъмини уҳдадориҳои мушаххас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дастгирии кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои дар ҳоли рушди маҳсур ба баҳр (LLDCs) мусоидат менамоянд.

Маълумоти истинодӣ:

Конфронси Тарафҳо (COP) олитарин мақоми гуфтушунид дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) мебошад. COP 30 дар Белеми Бразилия таҳти раёсати Бразилия идома дорад.

       АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 14, 2025 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд