Роҳбари ФАО: Вақти он расидааст, ки низоми кишоварзӣ ва ғизо ба манфиати занон кор кунад
ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паст кардани нобаробарии гендерӣ дар соҳаи маҳсулоти кишоварзӣ ба ворид кардани 1 триллион доллар ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва беҳтар шудани вазъи ғизоӣ барои 45 миллион нафар мусоидат мекунад. Дар ин хусус дар гузориши нави Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) гуфта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «АЗЕРТАҶ» хабар додааст.
«Агар мо мушкилии нобаробарии гендериро, ки низомҳои озуқавории кишоварзиро фаро гирифтааст, ҳал намоем ва ҳуқуқу имконоти занонро тавсеа диҳем, ҷаҳон метавонад дар рафъи камбизоатӣ ва гуруснагӣ ҷаҳиши бузург ба амал оварад»,- баён дошт директори генералии ФАО Тсюй Дунюй
Аз соли 2010 инҷониб бори аввал ФАО гузориши «Вазъи занон дар соҳаи кишоварзӣ ва низомҳои ғизоӣ»-ро нашр кард, ки дар он на танҳо барои бахши кишоварзӣ, балки дар маҷмуъ барои низомҳои кишоварзӣ- аз истеҳсол то тақсим ва истеъмоли ғизо маълумот дода шудааст.
Мувофиқи гузориш, дар низомҳои кишоварзии ҷаҳон 36 дарсади занон ва 38 дарсади мардон кор мекунанд. Бо вуҷуди ин, занон дар ин бахш аксар вақт дар ҳошия қарор гирифта, дар корҳои ғайримуқаррарӣ, ғайрирасмӣ, нопурра ва ё вазнин кор мекунанд.
Муаллифони гузориши нав даъват мекунанд, ки камбудиҳои марбут ба дастрасии занон ба манбаъҳои маблағгузорӣ, технология ва захираҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва умуман бахши кишоварзӣ бартараф карда шаванд. Онҳо бар ин назаранд, ки тадбирҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати занон танҳо дар сурате муваффақ мешавад, ки агар он бо баланд бардоштани дастрасии онҳо ба таҳсил ва таҳкими ҳуқуқи соҳиб шудан ба замин пурра карда шаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






