Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия тавсеа меёбад

Апрель 4, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия ҳамкории байнипарлумонии ҳар ду давлат ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон байни вакилони парлумонҳои ин давлатҳо вохӯриву суҳбатҳои судманд доир мешаванд. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев  иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Русияро таърихан муносибатҳои чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд. Ҳамкории ду давлат ҳамчунин дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ босамар тавсеа меёбад. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотиву фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Дар айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи (славянии ) Русия ва Тоҷикистон инчунин филиали ду донишгоҳи пуриқтидори Москва – Донишгоҳи давлатии Русия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд.

Тӯли солҳои охир теъдоди умумии донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ табодули афкор карда шуд.

 АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид