«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бӯстон даври шаҳрии ин фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Апрель 18, 2023 10:01

ДУШАНБЕ, 18.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои  ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ 17 апрел дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар мамлакат ҷамъомадҳои бошукуҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ, конфронсу симпозиум ва дигар тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид карда шуд.


Маҳз ҳамин иқдоми наҷиб имрӯз заминаи мусоид барои инкишоф ва рушди либоси миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ гардидааст.

Чакандӯзӣ яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ ва навъе аз  гулдӯзӣ ба ҳисоб меравад. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст. Пероҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт ва хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гӯё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хос ва хеле назаррабо ҷилва менамоянд.


Дар асоси Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.

Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии фестивал роҳхат гирифтанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 18, 2023 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард