«САД РАНГИ ЧАКАН». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз даври ноҳиявии ин Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ дар Данғара

Апрель 20, 2023 11:40

ДУШАНБЕ, 20.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд. Тазаккур бояд дод, ки имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардида истодааст.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 13-уми ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), ки дар Ҷумҳурии Маврикий доир гардид, гулдӯзии миллии тоҷикон- «Чакан» ба феҳристи мероси ғайримоддии арзишҳои фарҳангии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуд.

Ҳамасола баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» муҳаббати мардумро нисбат ба либосҳои миллӣ зиёдтар менамояд.

Фестивал-озмун моҳи май ҷамъбаст карда мешавад.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории Фестивал-озмуни мазкур дар ноҳияи Данғара манзур мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Апрель 20, 2023 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид