Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара меҳмонхонаи «Комрон+П»-ро ба истифода доданд

Апрель 26, 2023 09:44

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара меҳмонхонаи “Комрон+П”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолсозии нақши бахши хусусӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкор Комрон Солеҳзода сохта шудааст.

Масоҳати меҳмонхона 238 метри мураббаъро ташкил намуда, аз 5 ошёна иборат мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда баҳои баланд дода, коргаронро ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замон хизмат расонидан ба мизоҷон вазифадор намуданд.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” аз 16 ҳуҷра иборат буда, имкон дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад. Ҳамзамон бино дорои ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Дар вақти бунёди иншооти мазкур 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд. Баъди ба истифода додани меҳмонхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуд.

Майдони асосии иншоот 13 садякро ташкил медиҳад. Саҳни меҳмонхона сафолакпӯш карда шуда, ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Дар ноҳияи Данғара, ки дорои табиати дилфиреб ва мавзеъҳои таърихӣ мебошад, бунёду ба истифода додани меҳмонхона ва ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани шароити хизматрасонӣ дар он ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани иншооти муосирро намунаи асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ арзёбӣ карданд.

Меҳмонхона аз ҳисоби маблағҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комрон+П”, ки аз соли 2003 инҷониб фаъолият мекунад, сохта, ба истифода дода шудааст.

Таҳкими корҳои ободонӣ ва бунёду ба истифода додани иншооти гуногун аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиро таъмин ва ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар шафати роҳ воқеъ мебошад ва сайёҳону меҳмонон метавонанд минбаъд аз хизматрасонии сатҳи баланди он дар ноҳияи Данғара баҳравар шаванд.

Ифтитоҳи бинои Меҳмонхонаи “Комрон+П” дар ноҳияи Данғара 26.04.2023

Апрель 26, 2023 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт