Шумораи ҳалокшудагон аз ярч дар Эквадор ба 43 нафар расид

Апрель 22, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 22.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳалокшудагон бар асари фаромадани ярч, ки 26 март ба амал омада буд, дар вилояти Чимборасо, воқеъ дар қисмати марказии Эквадор ба 43 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ додааст.

Наҷотдиҳандагон ҷасади 41 нафарро аз зери харобаҳо ва тоннаҳои лой берун оварданд. Ду нафар дар беморхона ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои котиботи раёсати идоракунии хатарҳо, бориши шадид дар масоҳати 24,5 гектар ярчи азиме ба бор овард. Дар айни замон 45 нафар бедарак буда, 43 тан ҷароҳати гуногун бардоштааст. 32 нафар наҷот ёфтааст.

Дар натиҷаи омадани ярч 163 хона вайрон гардида, 1043 нафар бе сарпаноҳ мондааст.

Корҳои наҷотдиҳӣ дар минтақаи офати табиӣ идома дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: chinadaily.com.cn

 

Апрель 22, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд