СУТ дар бораи қариб шаш маротиба афзоиш ёфтани гирифторӣ ба COVID-19 дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ гузориш додааст

Апрель 15, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳодисаҳои гирифторӣ ба ковид дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар чаҳор ҳафтаи охир нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 481% зиёдтар аст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи панҷшанбе Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар гузориши ҳарҳафтаинаи эпидемиологии худ хабар додааст.

«Теъдоди ҳолатҳои нав, ки дар фосилаи 28 рӯз ба қайд гирифта шуд, дар шаш минтақа коҳиш ёфтааст: Африқо (-45%), ғарби Уқёнуси Ором (-39%), Амрикои Шимолӣ ва Лотинӣ (-33%) ва Аврупо (-22%). Ҳамзамон ин беморӣ дар ду минтақа афзоиш ёфтааст: Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (+481%) ва Баҳри Миёназамини Шарқӣ (+144%)», — гуфта шудааст дар гузориш.

Дар маҷмуъ, дар ҷаҳон 3 миллион ҳолати нави бемории ковид ба қайд гирифта шуда, беш аз 23 ҳазор нафар дар натиҷаи ин беморӣ фавтидаанд. Ин назар ба давраи 28-рӯза аз 13 феврал то 12 март 28 фоиз ва 30 фоиз камтар аст.

СУТ барои пайгирии тамоюли беморӣ чаҳорчӯбаи муваққатии 28-рӯза истифода мебарад. Ин барои ба инобат гирифтани таъхирҳо дар гузориш дар бораи ҳолатҳои нави COVID, инчунин барои коҳиш додани таъсир ба омори тағйирёбии ҳарҳафтаина зарур аст. Давраи ҳисоботӣ аз 13 март то 9 апрелро дар бар гирифта, бо давраи аз 13 феврал то 12 март муқоиса карда мешавад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд