«ТАХТИ ТОҶИКОН». Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, суратгири АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Осорхонаи мазкур дар Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол», ки ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 8 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, воқеъ гардидааст.
Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Ҳангоми даромад ба осорхона диққати бинандаро бештар тахти шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб менамояд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.
Тоҳирҷони Саид,
АМИТ «Ховар»


































Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






