ТАВАҶҶУҲ! Пагоҳ дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Апрель 14, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 14.04.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ аз соати 8:00 дар баъзе кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе бинобар сабаби баргузор гардидани Ниммарафони XIII байналмилалӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ — аз буриши кӯчаи Саъдии Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва кӯчаи Карамов аз давродаври хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то хиёбони Рӯдакӣ то анҷоми ниммарафон қатъ мегардад. Инчунин дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Карамов то кӯчаи Бухоро то анҷоми чорабинӣ ҳаракати нақлиёт қатъ мегардад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳ — М. Турсунзода, С, Айнӣ, С. Шерозӣ, Дӯстии халқҳо ва Сино истифода баранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 14, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад