Теъдоди ҳалокшавии кӯдакон аз силоҳи оташфишон дар ИМА 50% афзоиш ёфта, рекорди нав гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар пасманзари афзоиши хушунати силоҳи отшафишон дар ИМА ва изтироб аз тирандозии навбатии оммавӣ дар яке аз мактабҳои Амрико моҳи гузашта таҳқиқоти нав тамоюли нигаронкунандаеро ошкор карда, нишон дод, ки шумораи кӯдакони амрикоие, ки аз силоҳи оташфишон ҳалок шудаанд, ба сатҳи рекордӣ расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Синхуа иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе бахши иттилоот ва рӯйдодҳои кунунии Global News – и шабакаи телевизионии канадагии Global Television Network хабар додааст.
Соли 2021 тақрибан 2590 ҳодисаи ҳалокшавии кӯдакон ва наврасони то 18-сола аз силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2019 то оғози пандемияи COVID-19 50% зиёд мебошад, гузориш медиҳад Global News бо истинод ба маълумоти Маркази тадқиқотии Pew Research Center, ки ҳафтаи гузашта нашр шуда буд.
Мувофиқи омори марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), сатҳи фавт аз силоҳи оташфишон дар байни кӯдакон ва наврасон дар ҳамон давраи дусола то 3,5 ҳолати фавт ба 100 ҳазор ноболиғ расидааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад






