То соли 2100 шумораи аҳолии Иттиҳоди Аврупо 27,3 миллион нафар коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 06.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо дар остонаи тағйироти ҷиддии демографӣ қарор дорад, зеро пешгӯиҳои нав дар бораи коҳиши назарраси аҳолӣ дар охири аср шаҳодат медиҳанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Euronews хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти созмони баҳисобгирии Аврупо, то соли 2100 аҳолӣ метавонад 6% ё 27,3 миллион нафар коҳиш ёбад.
Пас аз ду соли таназзуле, ки бар асари пандемияи COVID-19 ба амал омад, аҳолии ИА то соли 2022 ба барқароршавӣ шуруъ кард ва тибқи арзёбиҳо, аввали соли равон ба 451 миллион нафар расид. Ин афзоиш асосан бо зиёд ворид шудани гурезаҳои украинӣ шарҳ дода мешавад.
Пешгӯӣ дар асоси маълумот оид ба таваллуд, фавт ва муҳоҷират дар қитъа таҳия шудааст.
Тибқи гузориши охирини идораи омори ИА, аҳолии иттифоқ афзоиш ёфта, соли 2026 ба 453 миллион нафар мерасад ва сипас боз то соли 2100 то 420 миллион нафар коҳиш меёбад.
Таҳдиди таназзули демографӣ дар Иттиҳоди Аврупо
Аҳроми демографӣ барои соли 2100 коҳиш ва пиршавии ҷомеаро пешгӯӣ мекунад. Ҳиссаи кӯдакон, ҷавонони то 20-сола ва шахсони қобили меҳнат коҳиш меёбад ва ҳиссаи одамони аз 65-сола боло меафзояд.
Соли 2100 одамони синнашон 65 ва аз он боло 32% аҳолиро, дар муқоиса бо 21% — и соли 2022 ташкил хоҳанд дод.
Аҳроми демографӣ дар боло нисбат ба имрӯз хеле васеътар ба назар мерасад: одамони синнашон аз 80 боло нисбат ба одамони синнашон аз 20 хурдтар зиёдтар хоҳад шуд.
Пешгӯиҳо пас аз он ки Чин аввали соли равон бо аввалин коҳишёбӣ дар шаш даҳсола дар сарлавҳаҳои рӯзномаҳо қарор гирифт, пайдо шуданд.
Мувофиқи маълумоте, ки Бюрои миллии омор нашр кардааст, дар охири соли 2022 дар кишвар 1,41175 миллиард нафар зиндагӣ мекард, ки 850 000 нафар камтар мебошад, зеро шумораи фавтидагон аз шумораи таваллудшудагон зиёдтар шудааст.
Дар Чин на танҳо таваллуд коҳиш меёбад, балки аҳолӣ низ пир мешавад, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки ин ба бад шудани вазъи демографӣ, яъне коҳиши қувваи корӣ, кам шудани низоми нафақа оварда мерасонад ва метавонад оқибатҳои ҷиддии иқтисодии берун аз давлатро доро бошад.
Бо вуҷуди коҳиши пешбинишудаи шумораи аҳолии Иттиҳоди Аврупо то соли 2100, дар баъзе кишварҳои аъзо афзоиши он, аз ҷумла аз ҳисоби муҳоҷират дар назар аст. Инҳо Белгия, Чехия, Дания, Ирландия, Фаронса, Кипр, Люксембург, Малта, Нидерланд, Австрия, Шветсия ва Исландия мебошанд.
Аҳолии Иттиҳоди Аврупо умри дарозтар мебинад ва калонтар мешавад
Ҳиссаи аҳолии синнашон аз 65 боло аллакай дар ҳама кишварҳои аъзои ИА афзоиш меёбад ва воқеан аз Чин, ки тақрибан 13% — ро ташкил медиҳад, хеле дар пеш аст.
Мувофиқи маълумоти охирин, кишварҳое, ки ҳиссаи аҳолии онҳо аз 65-сола боло аст, Италия (22,5%), пас аз он Финляндия (22,7%), Юнон (22,5%), Португалия (22,4%) ва Олмон (22%) мебошанд.
Дар ИА давомнокии умр ҳангоми таваллуд дар тӯли як асри охир босуръат афзоиш ёфт: аз 69-солагӣ дар соли 1960 то 80-солагӣ дар соли 2021.
Дар кадом давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҷавонтарин аҳолӣ ҳаст?
Тибқи маълумоти соли 2021, аҳолии синни қобили меҳнат, ки шахсони аз 15 то 64 — соларо дар бар мегирад, зиёда аз 64% аҳолии Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.
Соли 2021 синни миёнаи пасттарин дар Кипр 38 сол ва баландтарин дар Италия 47,6 солро ташкил дода буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews