2-4 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии пойтахт Мусобиқаи Гран Прии Душанбе-2023 доир мегардад

Май 31, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 май таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҷаласаи кумитаи тадорукоти мусобиқаи бошукуҳи варзишии Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо, ки  2-4 июни соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, 313 варзишгар (176 мард, 137 зан) аз 42 давлати дунё номнавис шудааст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Фонди ҷоизаҳои Гран Прии Душанбе 100 000 евроро ташкил дода, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардҳо, 7 вазн байни духтарон) 3000 евро, барандагони медалҳои нуқра – 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд.

Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти «Сайри ҷаҳонии ҷудо»-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, варзишгарон имкони гирифтани холҳои олимпӣ доранд.

Дар ҷаласаи мазкур  муовинони Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони кумитаҳои олимпӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудо, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ ва дигарон иштирок доштанд.

Дар ҷаласа муҳимтарин масъалаҳои омодагӣ ва баргузор кардани аввалин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуда, масълуон оид ба иҷрои масъалаҳои ташкилӣ, мисли таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии тиббӣ, бехатарӣ аз сӯхтор дар рӯзҳои мусобиқа дастур гирифтанд.

Аъзои Кумитаи тадорукот  нимаи дуюми рӯз аз ҷои мусобиқа – Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ дидан намуданд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 31, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд