АҲСАНТ! Хонандагони ноҳияи Восеъ дар олимпиадаи байналмилалии HIPPO-2023 сазовори 6 медали тилло шуданд

Май 2, 2023 11:36

ДУШАНБЕ, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Литсейи давлатии №1-и ноҳияи Восеъ дар олимпиадаи байналмилалии HIPPO-2023 аз фанни забони англисӣ сазовори 15 ҷои ифтихорӣ шуда, 6 медали тилло, 3 нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» омӯзгори фанни англисии ин муассиса Ҷамолиддин Фаттоев хабар дод.

Олимпиадаи мазкур моҳи март ба таври фосилавӣ баргузор гардида, дар он хонандагони зиёда аз 54 мамлакат иштирок дошт.

Аз тарафи кумитаи тадорукот, ки қароргоҳаш Италия аст, ба ғолибон медалу сертификат тақдим карда шуд.

Ғолибони ҷойҳои аввал ба даври сеюм, ки 6-7 июл дар Малайзия доир карда мешавад, роҳхат гирифтанд. Даври чоруми он дар назар аст, ки моҳи сентябр дар Италия баргузор шавад.

АКС: Литсейи давлатии № 1-и ноҳияи Восеъ

Май 2, 2023 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд