Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ дар Санкт-Петербург иштирок намуд

Май 18, 2023 15:08

ДУШАНБЕ, 18.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 13 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ.

Дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург масъалаҳои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ дар ҷаҳони тағйирпазир, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар партави таҳримҳо, рақамикунонӣ: ҳуқуқи оянда ва ё ояндаи ҳуқуқ, адолати судӣ ва ҳалли баҳсҳо ва  дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокдорон қарор дода шуд.

Дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколама ва ҷаласаи кушоди вазирони адлия баргузор гардид.

Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи кушоди вазирони адлия иштирок намуда, дар мавзуи «Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд.

Форум майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз якчанд давлати ҷаҳон гардид. Дар кори он вазирони адлияи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар доираи форум мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мавриди муҳокима қарор гирифт.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 18, 2023 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид