Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии Қазоқистон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар Қазоқистон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Меритократия. Поквиҷдонӣ. Инноватсия» вохӯрии муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Абил Ерлан доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба дар самти хизмати давлатӣ ва қадамҳои минбаъдаи тақвияти фаъолияти корӣ суҳбати хосса анҷом доданд. Инчунин ҷонибҳо тақвияти фаъолиятро дар самти рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ ва таъмини таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар оянда низ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 17-19 май дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзуи «Меритократия. Поквиҷдонӣ. Инноватсия» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин конференсия муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода намояндагӣ намуд.
Ҳадафи баргузории конференсияи байналмилалӣ- табодули таҷриба дар соҳаи хизмати давлатӣ дар байни давлатҳои аъзои Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатӣ вобаста ба татбиқ ва амалигардонии принсипи меритократия, поквиҷдонӣ ва инноватсия дар низоми идоракунии давлатӣ ва дарёфти механизмҳои инноватсионии масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ бо мутахассисон ва коршиносони соҳаи хизмати давлатии мамлакатҳо мебошад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






