Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур хабар доданд.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии пайвастаи соҳа, хосатан дар давраи пандемияи COVID-19 ба Ҳукумати Федератсияи Русия изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории ду давлат дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ имрӯзҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҷонибҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкории минбаъда иброз доштанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






