Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф густариш меёбад

Май 8, 2023 11:44

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф байни Тоҷикистон ва Қазоқистон густариш меёбад. Агар ба масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар 30 сол асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи ду ҷумҳуриро зиёда аз 100 санад ташкил медиҳад. Санадҳои мазкур асосан фарогири самтҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсию иқтисодӣ, фарҳанг, илм, маориф, ва дигар соҳаҳо буда, густариши фаъолонаи муносибатҳои минбаъдаро таъмин менамоянд. 

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар асоси ҳуҷҷатҳои мукаммал байни ду давлат дар соҳаи илм ва маориф робитаҳои зич барқарор карда мешавад. Ҳуҷҷати аввал ва бунёдӣ- ин Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон аз 13 январи соли 1993 мебошад. Дар моддаи 3-юми ин Созишнома таъкид шудааст, ки ҳар ду давлат саъю кӯшиши худро барои «мусоидат ба рушд ва таҳкими ҳамкории илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона» равона мекунанд. Тоҷикистон ва Қазоқистон барои рушд ва густариши ин муносибатҳо ният доранд, ки байни созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳамкорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки барои кормандони соҳаи илм робитаи илмӣ байни муассисаҳои академикии Тоҷикистону Қазоқистон аҳамияти хосса дорад.

13 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи илм, техника ва иттилоот ба имзо расида буд ва дар асоси ин созишнома аз 13 июни соли 2000 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тайёр кардан ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ ба имзо расид.

Дар чорчӯбаи санадҳои мазкур байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду мамлакат гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф дар чаҳорчӯби созишномаҳои бо мақсади табодули таҷриба дар баргузории вохӯриҳои муштарак, конференсияҳо, гузаронидани таҷрибаомӯзии муаллимон дар мактабҳои олӣ, нашр ва тарҷимаи адабиёти илмӣ ва илмию методӣ ба имзорасида мебошад.

Дар солҳои 2006-2007  100 донишҷӯи курси аввал аз Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Қазоқистон муаррифӣ шуд. Ин квотаҳо ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон аз 4 то 6 майи соли 2006 дода шуда буд. Инчунин дар ҷараёни ин сафар дар бораи зарурати эҷоди фазои ягонаи иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ташкили мулоқоти мунтазами олимон, намояндагони соҳаи адабиёт ва санъати ду мамлакат мубодилаи афкор сурат гирифт.

27 ноябри соли 2015 дар доираи таҷлили 550-умин солгарди таъсиси хонигарии қазоқ дар Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби муаррихи асри 16 Муҳаммад Ҳайдар Дулати «Таърихи Рашидӣ» ба забони қазоқӣ муаррифӣ гардид. Маҳз ин асар аввалин сарчашмаи хаттӣ дар бораи муносибатҳои байни қабилаҳои қазоқ ва халқҳои Муғулистон ва дар бораи вазъи таърихии Ҳафтрӯд (Семиречие), инчунин дар бораи замони таъсиси хонигарии қазоқ мебошад. Тарҷумаи китоб аз забони форсӣ аз ҷониби профессор Абдусаттор Нуралиев, ки бо забони қазоқӣ ҳарф мезанад ва нависандаи қазоқ, дулатшинос Мухтар Қазибек анҷом дода шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки 1 ноябри соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Қазоқистон дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи як гӯшаи адабиёти қазоқӣ баргузор шуд, ки ба муносибати 25-солагии  Истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шуда буд.

Дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон дар асоси санадҳое, ки оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ба имзо расидаанд, асос ёфтаанд. Муносибатҳои байни ниҳодҳои мудофиаи ду мамлакат дар асоси робитаҳои мустаҳками таърихии ду давлат, анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни ду халқ бунёд мешаванд. Самтҳои асосии ҳамкории низомии ҷонибҳо дар шаклҳои зерин муайян карда мешавад: таълим ва тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии ҳарбии тарафҳо; омӯзиши якҷояи кадрҳои ҳарбӣ-илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар соҳаи ҳарбӣ; ҳалли масъалаҳои моддӣ ва дастгирии техникии қувваҳои мусаллаҳ, мубодилаи иттилооти ҳарбӣ-техникӣ, махсус ва ғайра.

Таҳлили умумии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон нишон медиҳад, ки дар солҳои охир ҳамкории ду мамлакат барои таҳким ва густариши минбаъда иқтидори устувори истифоданашуда доранд.

19-20 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар Душанбе музокироти дуҷониба анҷом доданд ва дар пайи он ҳафт санади муҳим, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории фарҳангӣ ба имзо расид.

Пас аз музокироти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ Қосим-Жомарт Токаев ва Эмомалӣ Раҳмон брифинги муштараки матбуотӣ баргузор намуданд. Сарвари давлати Қазоқистон дар суҳбат бо хабарнигорон ба Президенти Тоҷикистон барои даъват барои сафари расмӣ ба ҷумҳурӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард.

«Тоҷикистон на танҳо шарики минтақавӣ барои Қазоқистон, балки мамлакати бародар ва наздик аст. Халқҳои моро риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, таърихи умумӣ, арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ муттаҳид мекунанд»,- гуфт Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон инчунин ба нақшаҳои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Тарафҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсили олӣ ҳавасмандӣ баён карданд. Аз ҷумла, дар бораи омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин ду маротиба зиёд кардани грантҳои таълимӣ барои донишҷӯёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар донишгоҳҳои ду ҷумҳурӣ таҳсилкунанда созиш ҳосил шуд. Сарони давлатҳо ҳамчунин аҳамияти минбаъд нигоҳ доштан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои намояндагони диаспораҳои қазоқ ва тоҷикро гуфтанд.

Анъанаи ба забони қазоқӣ тарҷума намудани асарҳои классикони тоҷику форс, ки пеш аз инқилоб ҷой дошт, дар замони шӯравӣ низ давом карда, боз ҳам нашъунамо ёфт. Дар замони нав ба забони қазоқӣ тарҷума намудани асарҳои адибони намоёни тоҷик Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар қатори асарҳои классикони тоҷику форс ба ҳукми анъана даромада буд. Соли 1953 ба муносибати 75-солагии устод Садриддин Айнӣ асарҳои ӯ «Ёддоштҳо» ва «Ғуломон» ба забони қазоқӣ тарҷума шуданд. Соли 1959 манзумаҳои Мирзо Турсунзода «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш» ва асарҳои адибони дигари тоҷик ба забони қазоқӣ тарҷума шуд. Ин ҳама ба такомули адабиёти қазоқ мусоидат намуд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон ҳам асарҳои адибони қазоқ М.Авезов, С.Муканов, Ҷ.Ҷабаев, А.Тоҷибоев, А.Олимҷонов ва дигарон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, хазинаи адабиёти тоҷикро ғанитар намуд.

Ҳамзамон китоби Абдусаттор Нуралиев «Абай и таджикская литература» (Абай ва адабиёти тоҷик) аз чоп баромад. Инчунин қисмате аз ашъори Абай аз ҷониби шоира Фарзона ба тоҷикӣ баргардонида шуд.

Вохӯрии Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ин мамлакат 22 декабри соли 1995 баргузор шуда буд, ба равобити ҷонибҳо дар соҳаи фарҳанг такони тоза ва нав бахшид. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар барномаи ҳамкории Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф, такмили ихтисос ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ-педагогӣ тарҳрезӣ гардид, ки дар заминаи он тайёр кардани кормандони илмӣ дар муассисоти Тоҷикистону Қазоқистон дар назар буд.

Робитаҳои фарҳангӣ ва адабии Қазоқистон ва Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам густариш ёфта истодаанд. Мисоли инро, аз ҷумла дар ҳамкории адибони қазоқу тоҷик дидан мумкин аст. Боиси таваҷҷуҳ ва қаноатмандист, ки маҷаллаи «Элем эдебиёти» як шумораашро ба адабиёти тоҷик бахшидааст. Муқоваи маҷалла ва саҳифаҳои дохилии онро офаридаҳои рассомони тоҷик, аз қабили З.Ҳабибуллоев, Ф.Неъматзода, А.Миршакар, А.Ҳайдаров, С.Шарифӣ, А.Ашӯров, П.Ҷӯраева, З.Давлатшоева ва дигарон зебу зинат медиҳанд.

Ҳайати таҳририяи маҷалла дар пешгуфтор аз шукуҳу шаҳомати адабиёти тоҷик, заҳмати адиби шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам, ки дар омода намудани маводи ин маҷалла хизмати арзанда кардааст, самимона арзи сипос менамояд.

Дар саҳифаҳои маҷалла намунаи ашъори Абӯабдуллои Рӯдакӣ, инчунин сурат, тарҷумаи ҳол ва осори 25 қаламкаши тоҷик: Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Саттор Турсун, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Кароматуллои Мирзо, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Фарзона, Баҳманёр, Ато Ҳамдам, Ҷонибек Акобир, Зулфия Атоӣ ва дигарон ҷой дода шудааст. Осори ин адибонро тарҷумонҳои маъруфи қазоқ тарҷума кардаанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нақши муҳими пайвандгарӣ дошта, ба имзо расидани якчанд созишномаҳо, ёддошту тафоҳуми мутақобилаи ҳар ду ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад. Барои татбиқи санадҳои асосӣ ва ташаббусу иқдомҳои мунтазами ҳамкорӣ дар ин самт сохторҳои марбута, намояндагони илму фарҳанги ду мамлакат баҳри вусъат додани фаъолияти худ дар соҳаҳои мазкур талош менамоянд. Олимон, муҳаққиқон, коршиносони соҳаҳои илму маориф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар чорабиниҳои илмӣ-байналмилалии Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, дар рушди фаъолияти муштарак дар соҳаи илм ва маориф саҳми хосса мегузоранд.

Ҳамасола тибқи квотаи ҷудошуда, шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаи бакалавриат ва магистратура ба донишгоҳҳои Қазоқистон раҳсипор карда мешаванд. Шумораи донишҷӯён ва шунавандагон дар донишгоҳҳои мухталифи Ҷумҳурии Қазоқистон, ба монанди Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи илмӣ-техникӣ, Академияи алоқа ва авиатсияи шаҳрвандӣ, Донишкадаи идоракунӣ, иқтисод ва пешбинӣ ва ғайраҳо зиёд мушоҳида мешавад. Масалан, соли 2016 шумораи донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Қазоқистон ба 466 донишҷӯ баробар гардид.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон талош доранд дар бисёр соҳаҳо соҳиби маълумот гарданд, махсусан ба ихтисосҳои омӯзгор, забоншинос, табиб, муҳандис, меъмор, рӯзноманигор ва соҳаҳои санъати тасвирӣ ва мусиқӣ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин сохторҳои қудратии Тоҷикистон – Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, гумруки Тоҷикистон ҳамасола донишҷӯён ва намояндагони худро ба донишгоҳҳои махсуси Қазоқистон барои таҳсил ва такмили ихтисос равона месозанд.

Робитаҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба пешрафту ободии минтақаи Осиёи Марказӣ ва манфиатҳои миллии ду ҷумҳурии дӯст ҷавобгӯ мебошад. Зеро мардуми тоҷику қазоқ аз қадим ба ҳамдигар наздикӣ дошта, мероси ғании фарҳангиву адабиро доро мебошанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Бо вуҷуди ин, боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкории судманд байни ду мамлакат дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг бо истифода аз имконияти мавҷудаи соҳавӣ аз аҳамият холӣ нест.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 8, 2023 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориро дар самтҳои илму таълим густариш медиҳанд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии мамлакатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти илму маориф тақвият меёбад
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
Ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро аҳли илму маориф ботантана ҷашн гирифтанд
Дар шаҳри Турсунзода кӯдакистони замонавӣ ба истифода дода шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд