Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш: «Давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзудааст»

Май 25, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз замони таъсиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки аз фаъолияти он 75 сол пур мешавад, саломатии инсонҳо ба таври назаррас беҳбудӣ ёфта, давомнокии умр дар ҷаҳон беш аз 50 дарсад афзуда, фавти кӯдакон 60 фоиз кам гардида, бемории гулафшон барҳам дода шудааст. Чунин изҳор дошт Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар иҷлосияи 76-уми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар иҷлосияи мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳаном Геберейесус, вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ташкилоти мазкур иштирок доранд.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии баргузории иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ-ин муттаҳидсозии кӯшишҳои давлатҳои аъзо ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, паст намудани сатҳи бемориҳои ғайрисироятӣ, ки дар замони муосир яке аз нишондиҳандаҳои баланди фавтро ба миён овардаанд ва ҳисоботи созмон дар назди кишварҳои узв мебошад.

Ҳамзамон, дар доираи рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо мақсади муҳокимаи харитаи роҳ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи тандурустӣ 22 майи соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария мулоқоти вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон, тариқи мубодилаи таҷриба тайёр намудани кадрҳои тиббӣ ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии якҷоя, инчунин фарогирии аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати тиббӣ баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ то 30 май идома меёбад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 25, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид