Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» конфронс доир гардид

Май 27, 2023 08:58

ДУШАНБЕ, 27.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018 – 2028» ва эълон гаштани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таҳти унвони «Захираҳои обӣ дар ҷаҳони муосир: муаммо ва истифодаи самаранок» Конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар конфронс иброз гардид, ки баҳри пешгирии  обшавии пиряхҳо талошҳои зиёд, давомдор ва муштарак зарур аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар якҷоягӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани гармшавии ҳаво, ки  асосан сабаби босуръат  обшавии пиряхҳо гардидааст, ба натиҷаҳои назаррас умед баста метавонад.

Иштирокдорони конфронс таъкид намуданд, ки  маҳз ҳадафи пешниҳоди эълони Соли ҳифзи пиряхҳо, ки он аз ҷониби Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сурат гирифт,  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.

Таъкид карда шуд, ки об барои рушди ҷомеаи инсонӣ нақши муҳимму  ҳалкунанда дошта,  ҷамъият дар тӯли ҳазорсолаҳо обро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва тараннум месозад. Ҳамин аст, ки мардум аз қадимулайём дар назди дарёҳо, ҳавзаҳои об  маскан мегирифтаанд.

Имрӯзҳо бинобар афзоиши суръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мерасонад, ба маротиб зиёд шуда истодааст.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистон ҳамчунин яке аз ташаббускори сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи минтақа аст. Тоҷикистон  тақрибан 60 дарсади захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказиро дошта, ин манбаи ҳаётан муҳимро бо ҷумҳуриҳои  ҳамсоя одилона тақсим мекунад.

Илова гардид, ки имрўз дар минтақа ҳамкорӣ дар соҳаи об дар пасманзари таъсири афзояндаи омилҳо ба мисли тағйири иқлим ва афзоиши аҳолӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Май 27, 2023 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд