Дар Душанбе даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 17.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар олимпиада аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат 438 донишҷӯ дар ду бахш: илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, математика, физика, химия, биология, экология, география, назарияи иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ ба тариқи тестӣ ва бо иншои эссе бо ҳам сабқат менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи олимпиада роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкил ва сарпарастии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» барои баланд бардоштани завқи ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа нисбат ба илму маърифатандӯзӣ, китобхонӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии онҳо саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳадафи баргузории олимпиада байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ- ин дарёфти ҷавонони лаёқатманд ва парвариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои гуногуни илм мебошад.
Пешниҳод карда шуд, ки ба ғолибони олимпиадаи мазкур барои дохилшавӣ ба зинаи магистратура ва PhD имтиёзҳо бояд дода шавад, то ҷавонони қобилиятнок имкони идомаи таҳсил дошта бошанд ва дар баробари ин, дар рушди илми тоҷик ва амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳм гузоранд.
Олимпиадаи мазкур ду рӯз идома ёфта, натиҷаи он имрӯз эълон карда мешавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






