Дар Хорватия самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Май 12, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Хорватия Тея Шеменович  вохӯрӣ намуд, ки зимни он самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти ин ниҳод хабар доданд.

Ҳамзамон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Омбудсмен оид ба ҳуқуқи маъюбон, Омбудсмен оид ба баробарии гендерӣ, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Хорватия, Хадамоти ҳуқуқи инсон, ақаллияти миллӣ, идоракунӣ ва баробарии гендерии назди Ҳукумати Хорватия, Академияи судии Хорватия ва намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Хорватия вохӯриҳои судманд анҷом дод.

Дар доираи вохӯриҳо оид ба таҷриба ва амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Хорватия дар бораи баробарии гендерӣ, барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон ва кӯдакон маълумот дода шуд.

Аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқи инсон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабулу амалисозии қонуни мукаммал «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» муаррифӣ гардид.

Дар назар аст, ки таҷрибаи андӯхта зимни амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» истифода гардида, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд