Дар мавсими нави мусобиқоти Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 60 даста иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи оғози мавсими нави Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастаҳо ҷаласаи умумӣ баргузор гардид. Имсол дар мусобиқаҳои футболи занона дар маҷмуъ 60 даста иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар мавсими соли 2023 Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон байни чаҳор синну сол мусобиқа баргузор менамояд.
Дар чемпионати шашуми Тоҷикистон байни занон 13 даста – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, «Суғд» (Суғд), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок мекунад.
Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 10 даста – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ҳунарнамоӣ менамояд.
Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 17 даста – «Ситора» (Шаҳринав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Чашма» (Шаҳритус), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Зарнисор» (Вахш), «Пахтакор» (Қубодиён), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспи вилояти Суғд (Хуҷанд), «Парасту» (Душанбе), «Бешкент» (Носири Хусрав), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Навбаҳор» (Мастчоҳ) ва «Ашт» (Ашт) рақобат менамояд.
Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 13-сола 20 даста ҳунарнамоӣ мекунад. Дастаҳои «Спартак» (Душанбе), «Парасту» (Душанбе), ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Пахтакор» (Қубодиён), «Чашма» (Шаҳритус), «Бешкент», (Носири Хусрав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Зарнисор» (Вахш), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бунҷикат» (Ҷаббор Расулов), «Бобоҷон Ғафуров» (Бобоҷон Ғафуров), «Зафаробод» (Зафаробод), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспи вилояти Суғд (Хуҷанд) ва «Ашт» (Ашт) барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Лигаи футболи занона ва Чемпионати Тоҷикистон байни бозигарони то 17-сола либоси варзишӣ ва тӯб тақдим кард. Тибқи барномаи «FIFA League Development», ба иштирокчиёни чемпионати мамлакат байни духтарони то 13-сола сару либоси варзишӣ, пойафзол ва тӯб тақдим карда шуд.
Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ба дастаҳои чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола маҷмуи либосҳои варзишӣ тақдим карда, Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ба онҳо тӯб туҳфа намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






