Дар мавсими нави мусобиқоти Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон 60 даста иштирок менамояд

Май 22, 2023 17:14

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи оғози мавсими нави Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштироки намояндагони дастаҳо ҷаласаи умумӣ баргузор гардид. Имсол дар мусобиқаҳои футболи занона дар маҷмуъ 60 даста иштирок мекунад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар мавсими соли 2023 Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон байни чаҳор синну сол мусобиқа баргузор менамояд.

Дар чемпионати шашуми Тоҷикистон байни занон 13 даста – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб, «Суғд» (Суғд), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок мекунад.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 10 даста  – ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Зебо» (Дӯстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ҳунарнамоӣ менамояд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола 17 даста – «Ситора» (Шаҳринав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Чашма» (Шаҳритус), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Зарнисор» (Вахш), «Пахтакор» (Қубодиён), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспи вилояти Суғд  (Хуҷанд), «Парасту» (Душанбе), «Бешкент» (Носири Хусрав), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Навбаҳор» (Мастчоҳ) ва «Ашт» (Ашт) рақобат менамояд.

Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 13-сола 20 даста ҳунарнамоӣ мекунад.  Дастаҳои «Спартак» (Душанбе), «Парасту» (Душанбе), ММВЗО  «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор), «Пахтакор» (Қубодиён), «Чашма» (Шаҳритус), «Бешкент», (Носири Хусрав), «Зебо» (Дӯстӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Зарнисор» (Вахш), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Бунҷикат»  (Ҷаббор Расулов), «Бобоҷон Ғафуров» (Бобоҷон Ғафуров), «Зафаробод» (Зафаробод), Мактаби махсуси футбол, чавгон ва аспи вилояти Суғд  (Хуҷанд) ва «Ашт» (Ашт) барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ мубориза мебаранд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Лигаи футболи занона ва Чемпионати Тоҷикистон байни бозигарони то 17-сола либоси варзишӣ ва тӯб тақдим кард. Тибқи барномаи «FIFA League Development»,  ба иштирокчиёни чемпионати мамлакат байни духтарони то 13-сола сару либоси варзишӣ, пойафзол ва тӯб тақдим карда шуд.

Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ба дастаҳои чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола маҷмуи либосҳои варзишӣ тақдим карда, Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ба онҳо тӯб туҳфа намуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 22, 2023 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт
Кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» шинос шуданд
Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ширкатҳои Узбекистон, Туркия ва Русия 6 ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
МУБОРАК БОД! Варзишгари тоҷик Хайрандеш Муродзода дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 медали биринҷӣ ба даст овард
Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази забони беларусӣ ва технологияи инноватсионӣ ифтитоҳ гардид
«ДУШАНБЕ-ИНВЕСТ 2023». Дар мавзуи «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя» ҷаласаи панелӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд
Ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. Дастаи футболи «Истиқлол» барои бозӣ бо «Ал-Наср» ба Арабистони Саудӣ сафар намуд