Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и вилояти Суғд ҷамъоварии гелос шуруъ шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и вилояти Суғд оғози моҳи май ба ҷамъоварии гелос шуруъ намуданд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Таъкид гардид, ки майдони боғи гелос дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» 5,73 гектарро ташкил дода, 4,43 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Кӯшишу талоши хоҷагидорон ба он равона карда шудааст, ки ҳосил сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардид.
«Боғи миллии Ваҳдат», ки аз калотарин хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии он 631 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодаи замин дар майдони қариб 530 гектар боғу токзор бунёд намуда, ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат беш аз ҳар вақти дигар заҳмат мекашанд.
Хоҷагидорони муассисаи мазкур, ки дар таъмини фаровонии бозори дохилӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат саҳми назаррасу шоиста доранд, дар ин ҷо асосан боғи зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, бодом, чормағз, биҳӣ, ангур ва анор бунёд намуда, ҳамасола бо истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ба нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ноил мегарданд.
Бунёди боғҳои интенсивӣ ба хоҷагидорони муассиса имкон додааст, ки сол то сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизи ватаниро бештар намоянд.
Соли гузашта дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар майдони 5 гектар боғи интенсивии зардолу бунёд карда шуд.
Ниҳоли дарахтони зардолу, ки аз Туркия оварда шинонида шуд, дар соли дуюм ба ҳосил даромадааст.
Дар маҷмуъ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» зиёда аз 20 гектар боғи интенсивии зардолу, себ, гелос, шафтолу, нок ва чормағз мавҷуд мебошад.
Бо мақсади таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилӣ замини байни қатори боғот низ самараноку оқилона истифода бурда мешавад.
Имсол хоҷагидорон дар байни қатори боғоти ҷавон дар масоҳати 11 гектар картошка, 14 гектар сабзӣ ва 40 гектар пиёз кишт намуданд, ки аз ин ҳисоб низ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.
Имрӯзҳо дар «Боғи миллии Ваҳдат» барои самаранокӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар майдони токзор корҳои пайвандкунӣ бо истифода аз навъҳои серҳосили ангур ҷараён дорад. Бо роҳи пайвандкунӣ 7 гектар токи амудӣ ба токзори хавозавӣ табдил дода мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид






