Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи Шашмақом пуршукуҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар иртибот ба Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 12 май доир мегардад, дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили пуршукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба ҳунармандони ансамбли «Шашмақом»-и бахши фарҳанги шаҳр, ки бо ҳунари волои сарояндагиву навозандагӣ дар рушди ин жанри мусиқӣ саҳми арзанда доранд, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Шашмақомсароёни ансамбл силсилаи суруду оҳангҳоро аз ин шоҳасари мусиқии халқи тоҷик пешниҳоди аҳли толор намуданд, ки аз ҷониби дӯстдорони жанри мусиқии Шашмақом бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон жанри Шашмақом ва ҳунари мақомсароӣ рушду такомул ёфт. Ин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ ва номи устоди Шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.
Дар иртибот ба ин ҳар сол 12 май дар саросари ҷумҳурӣ Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Инчунин дар партави ин Фармони Президенти мамлакат дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Ҳисор дастаҳои мақомсароён ташкил карда шуд, ки дар рушду такомули ин жанри мусиқӣ нақши назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар соли 2000, Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва Мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар Душанбе (2005) дар таълиму тадриси жанри мусиқии Шашмақом шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони фарҳангии байналмилали ЮНЕСКО соли 2003 Шашмақомро шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ эълон намуд. Бояд тазаккур дод, ки шоҳасари безаволи мусиқии классикии «Шашмақом» дар радифи Фалак, Даргилик, Нақш, Мавригӣ ва ғайра дар хазинаи фарҳанг ва тамаддуни бою қадимии мардуми тоҷик ганҷи бебаҳо аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






