Дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад
ДУШАНБЕ, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз, 31 май дар дунё Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку мебошад. Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар мамлакатҳои мутараққӣ ба масъалаи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, 2 январи соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба имзо расид, ки далели ин гуфтаҳо мебошад. Қонуни мазкур ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», кашидани ҳамаи навъи тамоку, аз ҷумла чилим, нос, инчунин сигорҳои электронӣ дар дохили муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, таълимӣ, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ, дохили муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, қаҳвахона, чойхона ва ғайра), дар истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ, истгоҳҳо, дар ҳудуди вокзалҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, майдончаҳои кӯдакон, дар даромадгоҳҳои хонаҳои бисёрошёна, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ мебошад. Кашидани тамоку танҳо дар ҷойҳои махсусе, ки барои тамокукашӣ ҷудо карда шудаанд, мумкин мебошад. Аз ҳамин сабаб бояд корфармо дар коргоҳ ва муассисаҳо ҷойҳои махсус барои тамокукашӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин дар моддаи 2, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин омадааст: «Фурӯши маҳсулоти тамоку дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, иҷозат дода намешавад. Дар сурати шубҳа пайдо кардани фурӯшанда оид ба синну соли шахсе, ки маҳсулоти тамокуро мехарад, фурӯшанда уҳдадораст, аз харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯро талаб намояд. Агар аз ҷониби харидор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну соли ӯ пешниҳод нагардад, фурӯшанда фурӯхтани маҳсулоти тамокуро ба ӯ рад мекунад».
«Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд»,- дарҷ гардидааст дар қонуни мазкур.
Бояд гуфт, ки 31 майи соли 2017 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид намуданд. Тибқи он шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд. Ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии мамлакат мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуд, ки тибқи он сарпарастӣ ба бахши барномаҳои ахбор оид ба инъикоси воқеаҳои ҷорӣ дар шабакаҳои телевизион манъ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 31 майи соли 2018 дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо тамоку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: манбаъҳои боз









ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст






