«ЗАН ВА ЗАМОН: 26 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи 26 соли амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти унвони «Зан ва замон: 26 соли музаффарият» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо иброз дошт, ки дар сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, бо мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятиву меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда маҷмуи тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.
«Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат барои ҳалли ин масъала Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешбарандаи рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳоро тавассути мустаҳкам кардани мавқеи зан бо меъёрҳои конститутсионӣ ва такмили минбаъдаи онҳо тавассути қонунҳои соҳавӣ пеш гирифтааст»,- изҳор дошт Меҳрӣ Олимшо.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъол гардонидани нақши занонро муайян намуд. Он ба татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардон ва занон, фароҳам овардани имконияти баробар барои амалӣ намудани онҳо аз ҷониби занон, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон равона шудааст.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки имрӯз занон ба ҳайси муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода, 8 зан ба ҳайси роҳбарони якуми мақомоти марказӣ ва 4 зан ҳамчун раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда, 68 зан ҳамчун муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд. Инчунин 71 зан ба ҳайси раиси ҷамоат сарбаландона адои вазифа мекунад.
Иброз шуд, ки аз соли 2006 то имрӯз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти соҳибкории хурду миёнаи занон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, марҳила ба марҳила маблағ ва теъдоди он зиёд карда шуд.
Агар то соли 2024 маблағи грантҳои президентӣ барои 120 лоиҳаи соҳибкории занон 5 миллион сомониро ташкил дода бошад, соли 2025 маблағи умумӣ ба андозаи 15 миллион сомонӣ барои 200 лоиҳаи мақсадноки соҳибкорию ҳунармандии занон (ба андозаи ҳар яке аз 40 то 110 ҳазор сомонӣ) зиёд карда шуд.
Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони лаёқатманд пешбинӣ гардидааст.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда аз ҳисоби занон 25,2 фоизро ташкил дода, 20,8 фоизи занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Беш аз 3000 нафар занон баробари мардон дар сохтмон ва ба истифода додани иншооти бузурги мамлакат саҳм мегузоранд.
Инчунин занону духтарони тоҷик дар ташаккулу рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда, сарварии зиёда аз 110 ташкилоти ҷамъиятиро ба уҳда доранд.
Сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки нақши зан — модар дар ҷомеаи муосири тоҷик боз ҳам мақоми баландтарро соҳиб гардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






