Дастаи клуби «Ҳоҷӣ Шариф» ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт

Май 8, 2023 18:41

ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 май дар Маҷмааи варзишии «Игоровой»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия марҳилаи дуюми мусобиқаи байналмилалӣ — «Лигаи минтақавии ҷудо» байни дастаҳои мардона баргузор шуд, ки дар он дастаи клуби «Ҳоҷӣ Шариф» (Тоҷикистон) иштирок намуда ба финал роҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар марҳилаи дуюм 16 даста дар чор гурӯҳ барои ҳашт роҳхат ба финал рақобат карданд. Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» дар як гурӯҳ бо клубҳои «Урал-Сибири Ғарбӣ» (Екатеринбург), «Турбостроител» (Санкт Петербург) ва «Jenys» (Қазоқистон) сабқат карда, ҷои дуюмро ишғол намуд ва ба финали Лигаи минтақавии ҷудо роҳ ёфт.

Ба ҳайати дасати Клуби ҷудои «Ҳоҷӣ Шариф» 8 варзишгар шомил буданд:

-66кг – Фирӯз Мелибойзода / Обид Ҷебов

-73кг – Абубакр Шеров / Муҳаммадшариф Наҷмиддинов

-81кг – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода

-90кг – Ҳақназар Назаров

+90кг – Шакармамад Мирмамадов / Мансур Раҳмон

Варзишгарони мо дар се рақобат бар дастаҳои «Турбостроител» ва «Jenys» ғалаба карда, аз дастаи «Урал-Сибири Ғарбӣ», ки дар гурӯҳ ҷои аввалро гирифт, шикаст хурд.

Дар Лига дар маҷмӯъ 24 дастаи пурқувват аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Сербия, Эрон, Тоҷикистон ва Ҳиндустон иштирок  доштанд ва аз миёни дастаҳои хориҷӣ танҳо Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» ба финал роҳ ёфт.

Марҳилаи ниҳоӣ 8 июл дар назар аст, ки дар он 8 дастаи беҳтарин барои 6 миллион рубл тибқи «системаи олимпӣ» — бидуни набардҳои такрорӣ мубориза мебаранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 8, 2023 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад