«ДАСТАРХОНИ СУРХ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 офаридаи тозаэҷоди рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Дастархони сурх» дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шуд. Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷев бахшида шудааст.
Дар намоиш иштирокчиён доир ба эҷодиёт ва сабку услуби кори Далер Миҳтоҷов сухан намуданд.
Ба қавли худи муаллиф, «тӯли чанд соли фаъолият дар арсаи эҷод набардам дар байни рангҳо пайваста меафзояд. Дилгармӣ ва дилкушоии қалбамро дар эҷод бо рангҳо оро медиҳам ва парешониву хушҳолӣ ё таскини руҳамро бо рангҳо фалсафасозӣ мекунам. Нигораҳоям бо рангҳои сурх таҷаллӣ меёбанду розҳоямро бо рангҳои гарм мекушоям».
Намоиши офаридаҳои тозаэҷоди рассоми тоҷик Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Дастархони сурх» дар Осорхонаи миллӣ то 25 май идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






