«Эсхата» ба ҷойи аввали ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баромад
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 май дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар ҳузури 3 000 нафар мухлис бозӣ карданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ – Ҷозеф Феумба бинобар дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ аз ҷониби довари марказии бозӣ корти сурх гирифтв, аз бозӣ берун карда шуд. Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. Пас аз ин ғалаба дастпарварони Игор Суров ба садри ҷадвали мусобиқот баромаданд. Ҳоло даста дар ҳисоб 13 имтиёз дорад.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе як бозӣ дар ихтиёр дошта, ҳоло бо 11 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо 9 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Фархор аз дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи «Нефтяник» ба муқобили дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 5 бар 1 ғалаба кард.
Ҳоло дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи «Кӯктош» рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо 13 май дар варзишгоҳи «Нефтяник» доир мегардад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 14 май бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






