ФУТБОЛ. Имрӯз рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешаванд

Май 11, 2023 08:44

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 май дар Давҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон муайян мегарданд.

Дар маросими қуръакашӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва менеҷери дастаи мунтахаби миллии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади чаҳорум қарор дорад ва яқинан дар қисми ниҳоии мусобиқот дар як гурӯҳ бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия бозӣ намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.

Ҷоми ҳаждаҳуми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе.

Таркиби сабадҳо барои қуръакашии қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023:

Сабади 1:

Қатар
Ҷопон
Эрон
Кореяи Ҷанубӣ
Австралия
Арабистони Саудӣ

Сабади 2:

Ироқ
АМА
Уммон
Узбекистон
Чин
Урдун

Сабади 3:

Баҳрайн
Сурия
Фаластин
Ветнам
Қирғизистон
Лубнон

Сабади 4:

Ҳиндустон
ТОҶИКИСТОН
Таиланд
Малайзия
Ҳонконг
Индонезия

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 11, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд