Гурӯҳе аз кормандони «Амонатбонк» дар «Беларусбанк» табодули таҷриба намуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовини раиси Раёсати «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода дар барномаи табодули таҷриба дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо ташаббуси «Беларусбанк» баргузор гардид, иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохтории «Беларусбанк» дар мавзуъҳои Стратегияи рушди «Беларусбанк», бизнеси байналмилалӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, амалиёти ҳуҷҷатнигорӣ, барномаи дастгирии иқтидори содиротии Беларус, раванди рақамикунонӣ, рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва кортҳои бонкӣ рӯнамо пешниҳод гардид. Инчунин гурӯҳи кории «Амонатбонк» ба яке аз филиалҳои «Беларусбанк», воқеъ дар шаҳри Минск рафта, бо ҷараёни фаъолият ва усули коргузорӣ бо мизоҷон шинос гардид.
Бо ташаббуси роҳбарияти «Беларусбанк» ҳайати расмии «Амонатбонк» аз Корхонаи истеҳсолии автомашинаи «БелАЗ», ки яке аз муштариёни асосии «Беларусбанк» мебошад, боздид намуда, бо ҷараёни истеҳсоли мошинҳои «БелАЗ» шинос гардид.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни барномаи табодули таҷриба аз ҷониби роҳбарияти «Беларусбанк» сертификат супорида шуд.
Дар маҷмуъ, мавзуъҳое, ки дар кори барномаи табодули таҷриба мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуд, ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони муосир дар соҳаи бонкдорӣ ҷавобгӯ буда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти бонк ва филиалҳои он заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: «Амонатбонк»










Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2593 сомонӣ муқррар шудааст
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35 — шарики боэътимоди сол» ҷамъбаст гардид
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ густариш медиҳанд






