ХУШ ОМАДӢ, ТОБИСТОН! Аз 12 июн дар Душанбе истироҳати тобистонаи хонандагони мактаб оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 июн дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчурӯд» -и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардида, 23 июн анҷом меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
«Истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ройгон ташкил гардида, он дар чор баст бо фарогирии 10 ҳазору 352 нафар дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва 6160 нафар дар майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як баст 11 рӯз идома меёбад»,-гуфт Асомиддин Бобозода.
Ба гуфтаи ӯ, дар навбати аввал ба истироҳат кӯдакони ятиму бепарастор, дорои маъюбии дараҷаи сабук, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Хонандаи сол», инчунин ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ фаро гирифта мешаванд.
«Дар истироҳатгоҳҳо кӯдакону наврасон дар баробари истироҳати бофароғат ҳамзамон ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ ҷалб мегарданд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд. Дар онҳо омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ низ ба роҳ монда мешавад», -илова намуд мавсуф.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе бо вазъи омодагии ин истироҳатгоҳҳо шинос шуда, маълум намуданд, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ, безараргардонии биноҳо бо маводи дизенфиксионӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо бо мизу курсӣ, катҳои хоб ва ҷиҳози мулоим идома дорад.
Инчунин дар онҳо таъмири майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, толори китобхонӣ, синфхонаҳои омўзишии забонҳои хориҷӣ ва компютерӣ, сабзазоркунию ниҳолшинонӣ, вазъи санитарию гигиении ошхонаҳо, риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор роҳандозӣ гардида, дар ин самт корҳои омодагӣ идома дорад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






