Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат то ба 37 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва эҳтимол раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20, рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона аз 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






