«Истиқлол» пас аз ғалаба ба садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баромад
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май ду бозии охири даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон дар байни дастаҳои Лигаи олӣ байни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор шуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар дидори даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби калони 5:0 пирӯз шуд. Голҳоро аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Эҳсони Панҷшанбе се маротиба, Содиқҷон Қурбонов ва Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расониданд. Эҳсони Панҷшанбе аз ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. Дар бозии дигари ҳамин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бозияшонро бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом доданд.
Ин ғалаба бар муқобили дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар барои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ғалабаи 250-ум дар бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар даври навбатии чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фархор бо дастаи «Ҳосилот» вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 13 май дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор доир мегардад. Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври навбатӣ 13 май бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар мизбонӣ бозӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пас аз ин ғалаба бо касби 14 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо 13 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар поёни ҷадвали мусобиқот дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтаанд.
Лигаи Олӣ | Даври 8-ум
«Истиқлол» 5:0 «Хатлон»
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 1 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 14 (2:0). Содиқҷон Қурбонов, 35 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 68 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 70 (5:0).
Хотиррасон мешавем, ки 4-5 май дар доираи бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар ҳузури 3 000 нафар мухлис байни ҳам бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 23-юми бозӣ Дилшодҷон Каримов ба нишон расонид. Аз ҳайати дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ – Ҷозеф Феумба бинобар дағал бозӣ кардан дар дақиқаи 64-уми вохӯрӣ аз ҷониби довари марказии бозӣ корти сурх гирифтв, аз бозӣ берун карда шуд. Дилшодҷон Каримов аз ҳайати дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври гузашта дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Фархор аз дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуда буд. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар варзишгоҳи «Нефтяник» ба муқобили дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калонӣ 5 бар 1 ғалаба карда буд.
Ҳоло дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар ноҳияи Рӯдакӣ бо дастаи «Кӯктош» рақобат мекунад. Вохӯрии дастаҳо 13 май дар варзишгоҳи «Нефтяник» доир мегардад. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар даври навбатӣ 14 май бо дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бозӣ мекунад
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд






