«МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ-РУКНИ МУҲИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Ҳисор бо фаъолону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор шуд
ҲИСОР, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Маърифати оиладорӣ- рукни муҳими фарҳанги миллӣ» бо фаъолону донишҷӯёни шаҳр вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки ободии ҷомеа аз оилаи солим сарчашма мегирад, чунки дар давлате, ки устувории оилаҳо зиёд аст, дар он ҷомеаи солим ҳукмфармо аст. Ҳашт сол қабл Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар ҷумҳурӣ Соли оила эълон намуданд. Ин ташаббус дар қатори дигар ибтикороти Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин мавзуе ба ҳисоб мерафт, ки ба дарди ҷомеа дармон мебахшад.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ки дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, таваҷҷуҳи хос доранд ва бо назардошти манзалату мартабаи оила фармудаанд, ки «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Дар вохӯрӣ вобаста ба амалишавии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, пешгирии рӯй овардани занону духтарон ба фарҳанги бегона, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфта, аз густариши хатарҳои экстремизму терроризм дар ҷаҳон ва таъсири он ба мамлакатҳои рӯ ба рушд, афзудани сафи гурезагон дар ҷаҳон ёдовар шуда, аз оқибатҳои ин падидаҳои номатлуб ҳушдор дода шуд.
Дар фарҷом раиси шаҳр чун рамзи эҳтиром китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамаддуни халқи тоҷик»-ро, ки бо истифода аз мақолаҳои донишмандони маъруфи дохиливу хориҷӣ дар бораи Пешвои миллат таълиф шудааст, ба меҳмонон туҳфа намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ҳисор








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






