«МОҲИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ». Омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба машғулият фаро гирифта шуданд

Май 1, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» ва Ҳафтаи байналмилалии «Global Money Week 2023» ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар ҷараёни  машғулияти омӯзишӣ  аз ҷониби мутахассисони ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд»  ба иштирокдорон дар бораи нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имконияти иқтисодии давлат ва субъектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт  маълумоти мукаммал дода шуд.

Баргузории чунин машғулият ба омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳр имкон медиҳад, ки  донишҳои аз худнамудаи худро ба хонандагон расонанд.

Ҳадафи машғулият — расонидани донишҳо оид ба идораи оқилонаи пул, сарфаҷӯӣ, аҳамияти пардохти ғайринақдӣ, маълумот дар бораи вазъи иқтисоди миллӣ, аҳамияти қарз ба рушди тиҷорат ва ғайра ба воситаи омӯзгорон ба хонандагон мебошад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Май 1, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид