Муҳаммад Соҳибзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Соҳибзода дар вазни 42 кг дар Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam AJP Ture оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби медали тилло гардид. Дар ин бора президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар мусобиқаи мазкур Муҳаммад Соҳибзода ду намояндаи кишвари мизбонро мағлуб карда, ба гирифтани медали тилло дастёб шуд.
Хотиррасон мешавем, ки ин аввалин медали тиллои Муҳаммад Соҳибзода дар ин мусобиқа мебошад. Ӯ ҳамроҳ бо додараш давоми солҳои охир дар чандин мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба ҷиу-ҷитсу иштирок карда, борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро болои сар бардоштааст.
Ҳоло пас аз ғолибият дар мусобиқаи мазкур Муҳаммад Соҳибзода омодагиашро барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу боз ҳам бештар мекунад.
АКС аз манбаъҳои боз








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






