ОИЛА-ҚАВИТАРИН ПАЙВАНДИ ИНСОНИЯТ. Ба Рӯзи байналмилалии оила эъто мешавад

Май 15, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 15.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Понздаҳуми май дар саросари олам Рӯзи байналмилалии оила ҳисобида мешавад. Ин беҳуда нест, зеро аз ҳама муҳимтарин чизе, ки дар дунё ҳаст, оила аст. Агар оила набошад, инсон гӯё чизе надорад. Қавитарин пайванди тамоми ҳаёти мо оила аст.

Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд».

Рӯзи байналмилалии оила соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис ёфтааст.

Пайдоиши Рӯзи оила беҳуда нест. Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони  имрӯза- дар давраи аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ  ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши он гардидааст.

Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло оиларо «эҳсоси наздикӣ ба ҳамдигар, нишоти меҳри волидайн, эътимоду боварӣ ва дастгирии якдигар» меҳисобад.

Ба андешаи шоир, боварӣ ба худ ва дигаронро кӯдак бори аввал дар оила таҷриба мекунад. Маҳз дар оила ӯ муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад.

Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бад-ин тариқ расонидани кумак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонӣ мебошад. Бинобар ҳамин хеле муҳим аст, ки оила бо ҳам дӯст ва мустаҳкам бошад.

Ҷудошавии оилаҳо- мушкили рӯз ва ҷомеа

Мутафаккире фармудааст: “Барои бунёди оила кофист, ки дӯст бидорӣ. Аммо барои ҳифз ва нигоҳ доштани он бояд таҳаммул кардан ва бахшиданро биомӯзӣ”(Модар Тереза). Бузурги дигаре мефармояд: “Оила ҳадяи бебаҳост. Онро бояд эҳтиёт кард, на ин ки вайрон сохт” (Сюзан Кинг).

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо мушкилие рӯ ба рӯ омадааст, ки он  ноустувории ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо аст. Мутаассифона, ин раванд имрӯз ба ҷумҳурии мо низ таҳдид мекунад. Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, соли 2018 танҳо дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз 7721 оилаи навбунёд дар муддати кӯтоҳ 1777-тои он аз ҳам пош хӯрдааст, ки хеле шигифтангез аст.

Бубинед, зуд ва бо саросемагӣ бо хости худ ва ба тариқи худ оила бунёд кардани ҷавонон ва ба ҳамин зудӣ аз ҳам ҷудо гардиданашон хоси зиндагии имрӯз ва ҳамин чанд соли охир аст. Чунин падида дар замонҳои начандон дури пешин  кам ба назар мерасид  ва ҳатто пош хӯрдани як оилаи ҷавон фоҷиа, ҳодисаи номатлуб ва ҳатто шигифтангези  ҷомеа маҳсуб мешуд.  Аммо имрӯз ҷудошавии оилаҳои ҷавон касеро ба ҳайрат намеорад. Ин ҳодисаи муқаррарарӣ гардида, ҷомеа ба он одат кардааст. Албатта, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан миллати куҳанбунёди мо, ки  фарҳанги ғанӣ ва ибратомӯзи оиладории худро доштааст,  ин ҳолат  сахт изтиробангез аст.

Агар  оила, чунонки мегӯянд, асоси ҷомеа бошад ва ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замонҳо бар он бунёд ёбад, пас аз ин ҳодисаи номатлуб чиро метавон интизор шуд? Оё рахнаҳо дар бунёди ин муқаддасоти инсонӣ, яъне оила ба фоҷиаҳои шигифтангез, яъне халалдор кардану садама расонидан ба асоси бунёди ҷомеа намеорад, ки аз он фоҷиаҳои дигари рӯзу рӯзгорро метавон интизор шуд? Яъне вақти он аст, ки ҷомеаи инсонӣ, хусусан мо, тоҷикон, ки ҳамеша такя ба суннатҳои волои таърихӣ ва миллии худ доштаем, аз ин хусус андеша кунем. Пас ибрози андеша ва муҳокимарониҳо имрӯз дар ин мавзуъ аз аҳамият холӣ нест, зеро моро аз оқибатҳои номатлубе ҳушдор медиҳад, ки фардо метавонанд сабаби  пошхӯрии на танҳо оилаҳо, балки худи ҷомеа шаванд.

Вобаста ба ин мавзуъ зуҳуроти дигаре ҳам сабаби изтироб гардидааст. Як падидаи дигари ҷомеаи кунунӣ ин аст, ки имрӯз одамон  дер, яъне  баъд аз расидан ба синни калонсолӣ оила бунёд мекунанд.  Зеро мехоҳанд аввал маълумот ба даст оварда, соҳиби касбу кор шаванду мустақилияти иқтисодӣ ба даст оранд. Баъд, хеле дер соҳиби фарзанд мешаванд. Баъзеҳо бинобар сабаби надоштани имконияти таъмини кӯдак ҳатто намехоҳанд фарзанд дошта бошанд. Бисёриҳо танҳо бо як кӯдак қаноат мекунанд ва дар андешаи афзудани хонавода нестанд. Издивоҷҳои шаҳрвандӣ, яъне бе қайди қонунӣ, бо гурез аз масъулияти оилавӣ зистан хеле зиёд шудааст. Аз чунин зуҳурот аксар кӯдакон азоб мекашанд. Инҳо ҳама масъалаҳое ҳастанд, ки пажӯҳиш ва дахолати фаврии ҷомеаро талаб дорад.

Оила чист? Маънои оила дар чӣ ифода меёбад?

 Воқеан, маънои оила чист? Дар замони мо оила чӣ нақш дорад? Биёед, ин мафҳумро каме шарҳ бидиҳем.

Инсон як ҷисми зинда аст. Ҷисме, ки талаботи зиёд дорад. Монанди дигар ҷонварон мо низ маҷбурем ғизо ба даст орем, манзил ҷӯем ва насли худро идома бахшем.

Аммо бо тафриқа аз аксари ҷонварон одамон сомеъаи тез, чанголҳои гиро ва рангҳое, ки чун ниқоб барояшон хизмат кунанд, надоранд. Ҷамоаҳо–гурӯҳҳои нахустини  одамони ибтидоӣ дар якҷоягӣ метавонистанд нисбат ба алоҳидагӣ бештар ғизо ба даст оранд. Онҳо бо ҳам риштаи хешутаборӣ баста, теъдодашонро зиёд намуда, бехатарии худро аз даррандагон таъмин менамуданд, то насли худро тараққӣ диҳанд.

Оила ба инсоният имкон фароҳам овард, то мавқеи худро дар дунё муайян созад. Зиндагии ҷамъиятӣ талаботи нави зиёдеро дар муҳаббат, тарбият ва муносибатҳои гарми инсонӣ ба миён овард.

Ҳарчанд дар байни инсони имрӯзӣ ва одами содаи ибтидоӣ миллионҳо сол фосила вуҷуд дорад, баъзе хислатҳо бетағйир мондааст. Аз ҷумла, дар ҳолатҳои нигаронӣ ва дармондагиҳои шигифтангезу сахт мо ба наздикон, ба хонавода муроҷиат мекунем. Метавон гуфт, ки тамоми ҷомеаи инсонӣ дар оила тавлид ёфтааст.  Пас оила чист? Оила таҳкурсии бунёди зиндагии солим ва мураттаби инсонӣ аст; кафолати тартиб, низом, қонун ва рушду пешрафти ҷомеа; кафолати хушбахтӣ, бехатарӣ ва дилпурӣ, яъне зуҳуроти муқаддасе аст, ки ояндаи ҷамъият ва инсонҳоро неру ва бовар мебахшад.

Ба маврид аст гуфтаи яке аз мутафаккиронро ба ёд орем: ”Шавҳару зан мисли дастҳо ва чашмонанд: вақте ки дастҳо дард мекашанд, чашмҳо гиря мекунанд, вақте ки чашмҳо мегирянд, дастҳо ашкро пок мекунанд” (В. Гавеля).

Суннатҳои оиладории миллати куҳанбунёд

Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ,  хайрхоҳиву накӯкорӣ ва инсонпарвариву башардӯстиву адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд.  Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу рисолати худро дошта, дар ин мавзуъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд. Кофӣ аст, ки мо танҳо панду андарз ва таълимоти дидактикии адибони номвари гузаштаи худро мисол орем, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда, дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.

Дар “Кобуснома”- и Унсурулмаолии Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн, ки асоси бунёди оила аст, сухан меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон” –и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадааст, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, ба бунёди ҷомеа ва оилаҳои солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ” – и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонӣ аст, ки таълимоти ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст. Ва ин таълимоти баланди инсонпарваронаи гузаштагони мо дар ҷаҳон, хусусан дар Аврупо бо номи Ритсарство машҳур ва паҳн гаштааст, ки намунаи барҷастаи одоби ҷавонмардӣ гардида,  онҳое, ки  ба ин ирқа, яъне ҷавонмардон мансуб шудаанд, худро аз табақаи баланду поксиришти ҷомеа мешинохтанд.

Метавон гуфт, дар илму адаби классикии мо адибе нест, ки саҳме дар бунёди таълимоти тарбиявӣ, ки ҳадафаш бунёди ҷомеа ва хонаводаҳои солим аст, нагузошта бошад. Ин маърифат дар таърихи илм ва фарҳанги миллии гузаштагони мо то ҷое расидааст, ки ҳатто ишқ ба мафҳум ва меъёри баланди фалсафӣ ва инсоншиносӣ табдил ёфтааст.

Аммо имрӯз то куҷо мо аз ин таълимот истифода мебарем ва чӣ бардоштҳои муфид аз он кардаем, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас ва муҳити солими оилаҳо таъсири нек дошта бошанд?

Банда дар мақолаи дигар бахшида ба ақди никоҳ оид ба масъалаи муҳими имрӯзи оиладорӣ ибрози андеша карда будам. Далелҳое, ки дар боло овардем, яъне пошхӯрии теъдоди хеле зиёди оилаҳои ҷавон имрӯз бояд мо ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандии моро ба андеша андозад. Оё зиёд шудани пошхӯрии оилаҳо маҳсули издивоҷҳои беандешаву саросема ва ҳосили бемасъулиятии падару модарон дар мавриди интихоби ҳамсар аз ҷониби фарзандон нест? Чунки  ҷавонон он таҷрибаи кофиро надоранд, ки дар ин ҷода қадами бехато гузоранд.

Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва андешидани тадбирҳои махсуси дигар иқдоми бисёр бамаврид ва саривақтӣ аст, аммо муҳимтар аз он, риоя ва амалӣ сохтани ин қонун мебошад. Пас воқеан дар ин маврид масъулияти падару модар ва ҷомеа нақши тақдирсоз мебозад.

Ин ҷо метавон аз гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд: «Фарзанд меваи ширини умри инсон аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад, нисбат ба кӯдакону насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳм гузорад ва фарзандони сазовор ба камол расонад».

Баррасӣ ва таҳқиқи солимонаи ин мавзуи хеле ҷиддии ҷомеаи имрӯзии мо, пеш аз ҳама, вазифаи ҷомеашиносон ва сиёсатмадорони рӯз аст. Аммо  гузориши мо дар пешниҳоди масъалаи мазкур ва ёдовар шудан аз паҳлуҳои гуногуни он барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа беаҳамият нахоҳад буд, зеро солимии оила, нигоҳ доштани суннатҳои наҷиби оиладорӣ, пеш аз ҳама, аз худи мо вобаста аст.

Оила-нигоҳдорандаи арзишҳои баланди инсонӣ

Аҳамияти оила дар ҳаёти инсон он қадар бузург аст, ки наметавон онро фақат аз як ҷониб шарҳ дод. Масалан, агар мо гӯем, ки оила ақди никоҳи  ду нафар аст, на ҳама маънои онро ифода мекунем, зеро фарзандон, волидайн ва фаъолияти дигари оиларо фаро гирифта наметавонем.

Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Маҳз ба шарофати оила давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некӯаҳволии халқ беҳ мегардад. Дар ҳама замонҳо  пешрафти мамлакат вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешавад.

Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули  ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад. Оила – сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагӣ аст. Маҳз бар ин мафҳумҳо ҷомеаи мутараққӣ бино ёфта, бе онҳо мавҷудияти инсон номумкин аст. Ченаки  баҳогузории тараққиёт ва пешрафти давлат некуаҳволии оила мебошад. Рисолати асосии оила, метавон гуфт, таваллуд ва тарбияи фарзандон аст. Қавӣ будани оила хеле муҳим аст. Маҳз дар оила кӯдак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Дар ин самт дар бисёр кишварҳои дунё барномаҳои махсуси инкишоф тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд.

Таъсиси Рӯзи ҷаҳонии оила аз ҷониби СММ беҳуда нест. Ба андешаи СММ, вақте ки ҳуқуқҳои як оила осеб мебинаду вайрон карда мешавад, ин таҳдид ба ягонагии оилавии тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошад, зеро ҳар оила мансуби он аст. Оила ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ ва зинаи аввали ҷомеаи инсонӣ ба тарзи худ ба талаботи замон  ва ҷомеа ҷавоб гуфта, худ онҳоро шакл дода, дар якҷоягӣ бо олами атроф пеш меравад ё коҳиш меёбад.

Таъсиси Рӯзи байналмилалии оила  ҷавобгӯ ба  изтиробҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ҳолате аст, ки оилаҳои муосир  гирифтори он мебошанд.

Албатта, пажӯҳиши илмии мавзуи оила кори масъулиятнок ва ҷиддӣ аст, ки дахолати коршиносон, олимон ва мутахассисони башариро тақозо дорад. Дар поён мо чанд андеша ва пешниҳодро манзури хонандагон мегардонем, ки шояд барои оилаҳо, хусусан навхонадорон муфид бошанд.

Дар боби асрори мустаҳкамшавии оила

Одатан, вақте ки аз баргузоркунандагони тӯйи тиллоӣ мепурсанд, ки “Сирри хушбахтии шумо дар чӣ аст?”, соҳибҷашнҳо дар ҷавоб мушкилӣ мекашанд. Зеро гуфта наметавонанд, ки хушбахтии онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст. Мушкилоти хонаводагӣ, душвориву муқовимати ҳаёт ҳамеша вуҷуд дорад.  Аммо неруе буд, ки онҳоро аз ҳама мушкилот гузаронд. Дар асл барои он ки оила қавӣ ва дӯст бошад, тифоқии онро самимона хостан ва барои он кӯшидан зарур  аст. Ҳеҷ кас ба ҷои мо муносибатҳои моро наметавонад гарм нигоҳ дорад, барои ин бояд пайваста алоқаҳои эҳсосӣ ва самимияти байниҳамдигариро ривоҷ дод, бояд кӯшишҳо ба кор бурд, тадбирҳо андешид. Сол ба сол ҳамдигарро бояд беҳтар омӯхт, то оила мустаҳкам шавад.

  1. Муҳаббататонро пинҳон накунед, ошкоро ибрози эҳсос намоед. Ба рафиқи ҳаётиатон шунидани ин суханҳо гуворо хоҳад буд, ки шумо ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар муҳаббати шумо, бидуни ин ҳам ошкоро маълум бошад, ба баёни пайвастаи он коҳилӣ накунед. Сухани худро амалан собит созед. Ишқро наметавон бо туҳфаҳои гаронбаҳо харид ва харидани онҳо ҳар вақт шарт нест. Баъзан кифоя аст як навиштаи муҳаббатангез ё гулакеро рӯйи миз дар ҷойи намоён гузоред. Як навозиши самимона ва табассуми гузарон низ гармие ба нишоти хонаводагии шумо метавонад зам кунад.
  2. То қадри имкон ғизоро якҷоя бо аҳли хонавода тановул кунед. Нишасти бо ҳами сари дастархон беҳтарин имконияти эҳсоси дастгирии ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва баррасии масъалаҳои оилавӣ аст. Ҳатто, агар дар ин маврид ҳолатҳои хеле ногувор муҳокима ҳам шаванд, бовар ба он ки бо ҳам метавон мушкили замонро паси сар кард, бо аъзои оила хоҳад монд.
  3. Суннатҳои оилавӣ – мададгори ягонагии хонавода. Дар ҳар оилаи қавӣ якчанд суннати хонаводагӣ вуҷуд дорад. Инҳо метавонанд ҷамъомадҳои муқаррарӣ дар гирди дастархон, бо ҳам баромадан ба сайри табиат дар рӯзҳои истироҳат, бозиҳое, мисли шоҳмот, домино ва ғайра бошанд. Бояд онеро интихоб кард, ки писанди ҳама аҳли хонавода аст. Имрӯз, хушбахтона, дар тамоми маҳалҳои пойтахт ва гӯшаҳои мухталифи мамлакат боғҳои истироҳатӣ, варзишгоҳ ва фароғатгоҳҳои кӯдакона бунёд гардидаву бунёд шуда истодаанд, ки барои сайругашти оилавӣ ва машғулияти кӯдакону фарзандон имконияти хуб фароҳам овардаанд. Суннатҳои оилавӣ муносибатҳои шуморо нотакрор намуда, ба аҳли хонадон суботу устуворӣ, эътимод ва бовар ба фардо мебахшанд.
  4. Муносибат бо атрофиён. Мувофиқи пажӯҳишҳо, кӯдаконе, ки илова ба волидайн бештар бо калонсолон муошират мекунанд, худро хушбахттару боварноктар эҳсос мекунанд. Ҳангоми қабули меҳмонон шумо эҳсоси ягонагӣ мекунед.
  5. Иҷрои корҳои хонагӣ бо ҳам. Ташвишҳои хонадонро адолатмандона дар байни ҳамаи аъзои оила тақсим намуда, шумо як муҳити боҳамӣ ва эҳсоси дастгирии ҳамдигарро  дар оила ба вуҷуд меоред. Ҳар узви оила масъулияти иҷрои вазифаи худро бар дӯш мегирад. Ҳадафи ягона оиларо муттаҳид сохта, руҳияи ягонагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигарро ба вуҷуд меорад.
  6. Аз ҳаёти худ ба аҳли оила ҳикоят кунед. Ҳикоят кардан аз ҳаёти кӯдакии худ ба фарзандон хеле муҳим аст. Ин ба кӯдакон имконият медиҳад, ки волидайни худро беҳтар фаҳманд. Бисёре аз кӯдакон гумон мекунанд, ки волидайни онҳо ҳеҷ гоҳ кӯдак набуда, мушкилоти кӯдакона надоштаанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки волидайнашон ҳамин хел калон ба дунё омадаанд.

Аз хотираҳои худ, аз тифлии худ, аз насли пешин ҳикоятҳо кунед, ки бе манфиат нахоҳад буд. Чунин ҳикоятҳо барои дарки ҳамдигарӣ бисёр муҳим аст. Вақте ҳамдигарфаҳмӣ аст, оила низ мустаҳкам мегардад.

Камол НАСРУЛЛО,
         Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Май 15, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд