Ғолибони даври чоруми марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории бозиҳои марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот байни мардон ва духтарон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ идома дорад, ки он 26 май оғоз шуд. Баъди анҷоми бозиҳои даври чоруми рақобатҳои байналмилалии шоҳмот дар шаҳри Душанбе шоҳмотбозони тоҷик бозиҳои хешро анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон хабар доданд.
Баъди бозиҳои чор даври мусобиқа дар байни бонувон намояндаи Узбекистон Умида Омонова бо касби 3,5 хол дар зинаи аввал қарор гирифта, Ксения Балабаеваи қазоқ бо 3,5 хол дар зинаи дуюм ва ҳамватанаш Амина Каирбекова бо 2,5 хол дар ҷойи сеюм аст. Дар байни шоҳмотбозбонувони тоҷик Рухшона Саидова дар чор давр 1,5 хол гирифта, аз миёни 16 варзишгар дар зинаи 13-ум қарор гирифт. Дар бозиҳои даври панҷум бонувони шоҳмотбози тоҷик бо ҳарифони зерин вомехӯранд:
Рухшона Саидова (Тоҷикистон) — Шоҳрадова Лала (Туркманистон) Шукрона Масҳабова (Тоҷикистон) – номаълум, Сабрина Абророва (Тоҷикистон) — бе ҳариф.
Натиҷаҳои шоҳмотбозони мард баъди анҷоми даври чорум чунин аст: Ҷалолиддин Илҳомӣ (Тоҷикистон) — Денис Махнев (Қазоқистон) 0-1 Амин Қабилов (Тоҷикистон) — Алишер Каримов (Тоҷикистон) 1/2-1/2 Сӯҳроб Ҳамдамов ( Афғонистон) — Хусрав Ҷумъаев (Тоҷикистон) 1/2 -1/2 Ҷамшед Исоев (Тоҷикистон) — Муҳаммадзоҳид Суяров (Узбекистон) 0-1 Олуча Ҷумъаев (Тоҷикистон) — Афзалзода Аҳмад (Тоҷикистон) 0-1
Қобили тазаккур аст, ки дар байни мардон ҳоло намояндаи Узбекистон Нодирбек Яқуббоев бо касби 3.5 хол дар зинаи аввал қарор гирифта, Мадамин Муҳиддинов аз Узбекистон бо 3,5 хол аз чор давр дар зинаи дуюм қарор дорад. Мақомдори зинаи сеюм Ринат Ҷумабаеви қазоқ мебошад, ки се хол дорад. Аз байни шоҳмотбозони тоҷик Ҷамолиддин Илҳомӣ мақоми баландтарин дошта, баъди чор давр бо касби 1,5 хол аз миёни 28 иштирокчӣ дар зинаи 18-ум қарор дорад. Дар бозии даври панҷум шоҳмотбозони тоҷик бо ҳарифони зерин бозӣ мекунанд:
Алишер Каримов (Тоҷикистон) — Руслан Сездбеков (Қирғизистон)
Хусрав Ҷумъаев (Тоҷикистон) — Амин Қобилов (Тоҷикистон)
Ҷалолиддин Илҳомӣ (Тоҷикистон)- Миразиз Қузиев (Узбекистон)
Аҳмад Афзалзода (Тоҷикистон) — Артем Богданов (Қазоқистон)
Ҷамшед Исоев (Тоҷикистон) — Сӯҳроб Ҳамдамов (Тоҷикистон)
Олуча Ҷумъаев (Тоҷикистон) — Сайёд Қосим (Афғонистон)
Хотиррасон мешавем, ки бозиҳои даври панҷум ва шашум имрӯз дар меҳмонхонаи «Сафо»-и шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Ин мусобиқаи байналмилалӣ аз 26 май то 3 июн идома ёфта, дар он шоҳмотбозон аз 6 кишвари Осиёи Марказӣ баҳри ба даст овардани ду роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот бо ҳам мубориза мебаранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






