Ғолибони Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Интернет-олимпиадаи байналмилалӣ, ки бори аввал аз фанни химия байни донишҷӯёни 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид, муайян шуданд. Дар он 127 иштирокчӣ 6 ҷойи аввал, 12 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Олимпиадаи мазкур бо иштироки 50 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз 8 давлати дунё бо мақсади татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор шуд.
Дар он 6 донишҷӯ сазовори ҷойи аввал шуд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ Азиз Каримбоев, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Бобохонов, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ Кервен Гадамов, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Казоқистон ба номи ал-Форобӣ Аастха Бхардваҷ, донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Меҳрона Коркунова, донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов Шуҳрат Ғайбуллоев сазовори ҷойҳои аввал шуданд.
Дар ҷадвал ҷойҳои ба дастовардаи муассисаҳои таҳсилоти олии иштирокчӣ чунин муайян карда шудааст:
1. Тоҷикистон – 15 ҷой;
2. Қазоқистон — 7 ҷой;
3.Қирғизистон – 5 ҷой;
4. Туркманистон – 2 ҷой;
4. Беларус – 2 ҷой;
5. Узбекистон – 2 ҷой.
6.Русия – 1 ҷой;
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст






