Ҷованни Инфантино: «Зерсохтори футбол дар Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ рушд менамояд»

Май 2, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд.

Ба гуфти Ҷованни Инфантино, зимни мулоқот масоил оид ба рушди футбол дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар Тоҷикистон миллионҳо ҳаводорони футбол зиндагӣ доранд. Дар ин росто бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол, Конфедератсияи футболи Осиё ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ кор кунанд, то ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ  боз бештар рушд ёбад.

«Мо бояд ба рушди зерсохтори футбол дар Тоҷикистон сармоягузории зурурӣ равона кунем. Дар шаҳри Душанбе сохтмони варзишгоҳи замонавӣ  идома дорад, ки дар оянда метавонад «рамзи рушди футбол»-и  Тоҷикистон гардад.

Ба гуфти Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол, як бахши муҳим — ин ҳамкории сохторҳои футбол бо мактабҳо мебошад, ки ба тарбия тавассути футбол заминаи хуб мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз зерсохтори футболи Тоҷикистон барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва мантақавӣ пурра омода мебошад. Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё аз он самаранок истифода мебаранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Май 2, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд