Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 май дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо назардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.
Муҳлати амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа 14 моҳро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Марҳилаи дуюми таҷдиду навсозӣ солҳои 2025 – 2026-ро дар бар гирифта, дар ин давра қисми боқимондаи силсилаи 6-и истеҳсолоти электролиз навсозӣ карда шуда, филизи истеҳсолшаванда дар як сол 70 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа, ки 14 моҳ муқаррар гардидааст, силсилаи 5-и истеҳсолоти электролиз пурра навсозӣ ва дар он технологияҳои нави истеҳсоли алюминий васлу насб мегардад. Иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила аз рӯи лоиҳа 150 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар заминаи асосноккунии техникӣ – иқтисодии ширкати чинии «GAMI» дар ҳамкорӣ бо «China machinery engineering corporation» бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад.
Аснои муаррифии лоиҳаи навсозии силсилаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки татбиқи пурраи он дар асоси талаботи муосир имкон медиҳад, ки истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод ба маротиб беҳтар карда шавад. Зеро ба гуфти масъулин, технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай кӯҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамояд.
Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад.
Ба андешаи мутахассисон, васлу насби технологияи нави истеҳсолӣ имкон фароҳам месозад, ки тавассути сарфаи неруи барқ, автоматикунонии раванди истеҳсолот, риояи меъёрҳои технологии истеҳсолот ва баланд шудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ арзиши алюминий коҳиш дода шавад.
Ҳамин тариқ, паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1 ҳазору 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии технологияи истеҳсоли алюминий дар силсилаҳои 5 ва 6 ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои бунёдкориву муҷаҳҳазсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.
«Ширкати алюминийи тоҷик» аз зумраи истеҳсолкунандагони азими ҷаҳонии алюминий буда, дар асоси татбиқи тадбирҳои созанда тайи солҳои зиёд нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат нигоҳ доштааст. Маҳсулоти истеҳсолии ин корхонаи азими саноатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бунёду ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ дар мамлакат дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки ошёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард шуда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш дода шавад ва барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Оид ба сохтмони корхонаи саноатии коркарди маҳсулоти мазут дар ноҳияи Шуғнон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бартарафсозии пурраи оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯшон супориш доданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд
Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон






