ПРЕЗИДЕНТ, ҶАВОНОН ВА ИЛМИ МУОСИР. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Май 24, 2023 13:55

ДУШАНБЕ, 24.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи моҳвораи ҷавонон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар мавзуи «Президент, ҷавонон ва илми муосир» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.

Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқони ҷавон, варзишгарони муваффақ, сарбозону афсарон, волонтёрон ва ҷавонони фаъоли мамлакат иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон, аз ҷумла дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри фаъолу ташаббускор ва ояндасози давлату ҷомеа, таъмини зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҷавонон ёдоварӣ шуда, имтиёзу кафолатҳои давлатии онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёд сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа аз масъалаҳои асосии давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар меҳвари он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату ватандӯст ҷой дорад.

«Ҷавонони Тоҷикистон номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш буда, давлату Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ин қишри созандаву ободгари ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд андешида, ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи онҳо аҳамияти зарурӣ медиҳанд»,-иброз доштанд дар ҳамоиш.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистони ҳуқуқбунёду дунявӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.

Мақсади таҳияву қабул ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон -ин мусоидат ба инкишофи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ ва ҷисмонии ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият иштирок кардани ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат, дастгирии моддӣ, молиявӣ ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин ташаббусҳои дорои аҳамияти иҷтимоии онҳо мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

 

Май 24, 2023 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад