Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок намуданд

Май 10, 2023 13:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов дар маросими оғоз бахшидан ба бунёди мактаби нав дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Дар маҳалли бунёди мактаб бо 1080 ҷойи нишаст дар ду баст аҳли маориф ва фаъолони ноҳия ҷамъ омаданд.

Нахуст собиқадорони соҳаи маориф як нафарӣ аз ҳар ду ҷониб бунёди мактабро нишони дӯстии абадӣ миёни кишварҳои дӯст ва бародар арзёбӣ карда, бо орзуву ниятҳои нек баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи  Тоҷикистону Туркманистон аз Сарони давлатҳо барои оғоз бахшидан ба корҳои бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон изҳори хоҳиш намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов бо эътимоди баланд ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди соҳаи маориф дар доираи муносибатҳои дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Туркманистон бо суханҳои «Иҷозат дода мешавад, ба Шумо муваффақият ва барори кор мехоҳем» ба корҳои сохтмонӣ барои бунёди Муассисаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ асос гузоштанд.

Маросими гузоштани санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти умумӣ ба номи Махтумқулӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон 10.05.2023

Май 10, 2023 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд