Реҷеп Тайип Эрдоган дар даври дуюми интихоботи президентӣ дар Туркия пирӯзӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 29.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Реҷеп Тайип Эрдоган дар даври дуюми интихоботи президентии Туркия бо беш аз 52% овозҳо пирӯз шуд, изҳор дошт рӯзи якшанбе раиси Комиссияи олии интихоботии кишвар Ахмет Йенер. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи натиҷаҳои коркарди 99,43% баргаи раъй (бюллетенҳо) Эрдоган 52,14% овозҳоро ба даст овард, рақиби ӯ Кемал Киличдароғлу- 47,86%.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, президенти нави Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган интихоб гардид», — изҳор дошт Йенер.
Ба гуфтаи ӯ, фосилаи Эрдоган аз Киличдароғлу беш аз 2 миллион овозро ташкил медиҳад.
Тавре агентии Анадолу иттилоъ медиҳад, Комиссияи марказии интихобот тасмим гирифтааст, ки натиҷаи расмии интихоботи президентӣ ва парлумонии 14 май доиршударо то 1 июн эълон намояд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






