Сафари давлатии Президенти Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми 11 май, пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргаштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақом — Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 май идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
АКС: АМИТ «Ховар»











Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






